ШАРҲИ ПАЁМ: БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҶАВОНОН ВА РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
Дар факултети муҳандисӣ-технологӣ бо донишҷӯёни гурӯҳҳои академӣ, ҳамоиши илмию маърифатӣ дар мавзӯи шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, баргузор гашт.
Чорабиниро муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Насиба Дадобоева ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҳадафи баргузории ҳамоиш ва барномаи нишаст шинос кард. Зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонони даврони истиқлол, ҳамчун дастури муҳими стратегӣ ва раҳнамо хизмат намуда, омӯзиши амиқ ва татбиқи амалии нуктаҳои он вазифаи шаҳрвандии ҳар як донишҷӯ ба ҳисоб меравад.
Сипас, декани факултет, доктори илмҳои ветеринарӣ Насимҷон Камолов зимни суханронии худ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ҷалб намуд. Қайд карда шуд, ки ин ташаббуси муҳими Сарвари давлат барои рушди соҳаҳои муҳандисӣ, технологияҳои муосир ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён заминаи мусоид ва имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Таъкид гардид, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ аз ҳар як донишҷӯ сатҳи баланди дониш, маҳорат ва масъулиятро талаб мекунад.
Таъкид шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, рушди зеҳнӣ ва омодагии рақобатпазирии онҳо дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад.
Ҳамчунин дар баромад аҳамияти донистани забонҳои хориҷӣ махсус таъкид гардид. Қайд карда шуд, ки дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ ва ҷаҳонишавӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, русӣ ва дигар забонҳои байналмилалӣ, барои донишҷӯёни соҳаи муҳандисӣ ва технология зарур мебошад. Зеро забондонӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён ба адабиёти илмии ҷаҳонӣ, технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафта дастрасӣ пайдо намоянд, дар лоиҳаҳои байналмилалӣ иштирок кунанд ва рақобатпазирии худро дар бозори меҳнат баланд бардоранд.
Дар идомаи нишаст доктори илмҳои биологӣ, Анвариддин Муҳиддинов бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуд. Мавсуф дар бораи таҷрибаи чандинсолаи илмию педагогии худ сухан ронда, ба донишҷӯён роҳу усулҳои дурусти илмомӯзӣ ва таҳқиқоти илмиро тавсия дод. Профессор Анвариддин Муҳиддинов аз ҷумла таъкид намуд, ки илм ва дониш ягона силоҳест, ки инсонро ба қуллаҳои мурод мерасонад. Муҳандисони оянда, бояд на танҳо донишҳои назариявиро аз худ кунанд, балки бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва навоварӣ дар рушди саноати миллӣ саҳмгузор бошанд.
Дар қисмати ҷамъбастӣ ҳамоиш миёни устодон ва донишҷӯён доир ба нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ мубодилаи озоди афкор сурат гирифт. Донишҷӯён омодагии худро ҷиҳати татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Президент дар самти рушди саноат, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия изҳор намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО