ШАРҲИ ПАЁМ: ТОҶИКИСТОН РОҲИ РУШДИ УСТУВОР, ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА БЕҲБУДИИ ЗИНДАГИИ МАРДУМРО ИДОМА МЕДИҲАД
Дар толори донишкада вобаста ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш доир гардид.
Ҳамоишро муовини директор оид ба тарбия Гулшан Довудов оғоз намуда иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 як ҳуҷҷати мукаммали сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда роҳнамои рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб меравад. Паём на танҳо дастовардҳоро ҷамъбаст мекунад, балки бо муайян намудани вазифаҳои мушаххас барои ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа дурнамои равшани ояндаро нишон медиҳад. Мазмун ва муҳтавои Паём гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон роҳи рушди устувор, таҳкими давлатдорӣ ва беҳбудии зиндагии мардумро устуворона идома медиҳад.
Қайд гардид, ки ҷанбаҳои маънавӣ ва тарбиявии Паём низ аҳамияти хоса доранд. Президенти кишвар Пешвои миллат ба масъалаи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва нақши шаҳрвандон дар ободии Ватан таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карданд. Ва аз ташаббусҳои мардумӣ дар бунёди мактабҳо, роҳҳо ва иншооти иҷтимоӣ ёдовар шуда, чунин иқдомҳоро нишонаи баланди шуури шаҳрвандӣ арзёбӣ намуданд. Ба таъкиди Роҳбари Давлат: «Ободии Ватан вазифаи танҳо давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди худогоҳ мебошад». Ин андеша нақши ҷомеаро дар рушди давлат таъкид мекунад ва муносибати ҳамкории давлат ва мардумро нишон медиҳад.
Сипас мудири кафедраи таъминоти барқ ва автоматика Дадохон Ҷӯраев роҷеъ ба самти энергетика, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муфассал баён гардид, андешаронӣ намуд.
Таъкид шуд, ки соҳаи энергетика низ марҳалаи тақдирсозро тай карда истодааст ва ҳадафи асосӣ - расидан ба истиқлоли пурраи энергетикӣ мебошад.
Дар даҳ соли охир ба соҳа беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шуда, иқтидорҳои истеҳсолӣ 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд.
Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 40 фоиз зиёд гардида, соли 2025 ба 24,2 миллиард киловатт-соат расид.
Президенти муҳтарами кишвар супориш доданд, ки моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шавад, ки ин кафолати истиқлоли энергетикии хоҳад гашт. Ҳамчунин, дар ду соли оянда бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1500 мегаватт пешбинӣ шудааст, ки ба таъмини доимии аҳолӣ бо барқ мусоидат мекунад.
Яке аз дастоварди соҳа ин танҳо аз ҳисоби навсозии неругоҳҳои амалкунанда 200 мегаватт зиёд шудани иқтидорҳо мебошад (аз ҷумла, иқтидори НБО «Қайроққум» баъди таҷдид аз 114 ба 174 мегаватт расонида шуд).
Пешгӯӣ мешавад, ки талабот ба неруи барқ дар кишвар то соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум 31 фоиз зиёд мегардад, ки ин бунёди иқтидорҳои навро тақозо мекунад.
Тоҷикистон нақша дорад, ки бо истифода аз барқи «сабз» ва оби хунук марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъӣ ва «дата-сентрҳо»-и минтақавиро таъсис диҳад.
Декани факултети энергетика Шаҳзода Мӯъминова низ дар ҳамоиш баромад карда, аз ҷумла афзуд, ки Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он дар давоми даҳ соли охир беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд.
Бо мақсади ба шуғли расмӣ ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, тақвияти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлат дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Гуфта шуд, ки дар панҷ соли оянда 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфта, нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баланд бардошта мешавад.
Дар Паём ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум аз 1-уми сентябри соли 2026 иқдомҳои муҳими иҷтимоӣ пешбинӣ шуданд. Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз ва маоши дигар муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, мақомоти идоракунӣ, стипендияҳо ва музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ, 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамзамон, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳо 1300 сомонӣ муқаррар гардида, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз, индексатсия ва зиёд карда мешаванд.
Мулоқот бо мубодилаи афкор ба анҷом расид.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО