• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2025
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ПАЁМ 2025: АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ - ИФОДАГАРИ ФАРҲАНГИ УМУМИБАШАРӢ
 ПАЁМ 2025: АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ -  ИФОДАГАРИ  ФАРҲАНГИ УМУМИБАШАРӢ
ПАЁМ 2025: АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ - ИФОДАГАРИ ФАРҲАНГИ УМУМИБАШАРӢ

“Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ, мутобиқи давру замон инкишоф додан ва бегазанд ба фардоиён расондани онҳо вазифаи муқаддаси ватандустонаи ҳар кадоми мову шумост. Имрӯз барои хонанда асарҳое лозиманд, ки арзиши Истиқлолияти давлатӣ, ғояи худшиносии миллию ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ, меҳнати ҳалолу зиндагонии бошарафона, арзишҳои миллӣ ва умумиинсонию умумибашариро ба насли имрӯза тарғиб намоем”.     Эмомалӣ Раҳмон

 

Фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик, ки то ба имрӯз дар арсаи ҷаҳон эътирофу номвар шудааст, ин дастоварди моддию маънавии халқи меҳанпарасту бонангу бономус ва бофарҳанги мо мебошад. Чуноне ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ иброз намуданд, арзишҳои миллӣ хоси халқҳо буда, тарзи зиндагӣ, анъана, расму оин ва муносибатҳоро нисбат ба ҳастии миллат ифода мекунанд. Фарҳанг ва арзишҳои умумибашарӣ мутааллиқ ба тамоми башарият хос аст ва хазинаи бузургеро дар бар мегиранд, аз ҷумла Тоҷикистони тамаддунофар ҳастии фарҳангии хешро дар тӯли шашҳазорсолаҳо ба вуҷуд овардааст.

Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки ба сари инсоният  нобудшавӣ таҳдид мекунад. Дар чунин ҳол тақдири инсоният дар дасти худи инсон қарор дорад. Имрӯзҳо дар рӯйи замин  ҳодисаҳои мудҳиш, ба монанди терроризм ва экстремизм, захираи калони яроқҳои ядроӣ, химиявӣ ва дигар намуди онҳо таҳдиди гумшавии тамаддунҳо мебошад. Агар ин яроқҳо ба кор дароварда шаванд, аз тамаддуни инсонӣ чизе боқӣ намемонад, сайёра мемирад ва беодам мемонад. Таҳдиди ҷанги ядроӣ, гармшавии иқлими сайёра, обшавии пиряхҳо, обхезӣ, ба зери об мондану харобшавии ҷойҳои аҳолинишин, заминларзаҳо, нишонаҳои гуруснагӣ дар рӯйи замин, паҳншавии касалиҳои сироятӣ, бераҳмона истифодашавии захираҳои табиӣ – ҳамаи ин офатҳо талаб мекунанд, ки қувваи одамони сайёра муттаҳид карда шаванд, то ки инсоният ва гаҳвораи он – Замин аз нобудшавӣ наҷот ёбад. Вазъияти баамаломада зарурияти дар одамон ташаккул додани тафаккури нави сиёсиро ба миён овардааст, ки аз афзалияти арзишҳои умумибашарӣ, аз манфиати ҳамаи одамони рӯйи замин дар маҷмуъ берун меояд. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба аз минбари созмонҳои ҷаҳонӣ ба ҷаҳониён муроҷиат намуданд, ки нигоҳдорӣ ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ дар дасти худи мост.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин масъалаҳоеро, ки ҷиҳати пешбурди илму фарҳанги халқи тоҷик ва ояндасози замони муосир дар Паёми навбатии худ баён намуданд, ки бояд барои тарбия ва илмомӯзии ҷавонон пайваста ва ҷиддӣ назар кард.  Насли ҷавонро бояд чунин тарбия кард, ки онҳо амри виҷдон, шараф, покдилӣ, ҳуввияти миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстиро барои худ равшан созанд. Ҳамаи ин сифатҳои ахлоқии умумибашарӣ дар саҳифаҳои таърихи халқи мо равшан инъикос ёфтаанд. Барои ҳар як инсони рӯйи замин муҳимияти арзишҳои башарӣ шиносанд ва ҳар кадом шаҳрванди бошуур барои оромӣ, осоиштагӣ ва сулҳу субот дар рӯйи замин бояд мубориз ва ҳиссагузор бошад.

Дар фарҳанг ва тамаддуни халқи мо эътиқод, анъанаҳои миллӣ, урфу одат аз замони қадим то ба имрӯз арзиши худро нигоҳ доштааст. Бинобар ин тоза нигоҳ доштани забон, гирифтани дониши баланди динӣ, нигоҳ доштани анъанаҳои либоспӯшӣ, арҷ гузоштан ба урфу одат ва ҷашну маросимҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Арзишҳои миллии фарҳангӣ унсурҳои афзоиши тамаддунҳоро муайян мекунанд, зеро онҳо ба тақвияти шахсияти коллективии шаҳрвандон ва пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ имкон медиҳанд. Аз ин лиҳоз на танҳо ҳар як шаҳрванд, балки ҳар як инсони бошуури сайёра бояд барои пешрафти ҷомеа ва нигоҳдошти тамаддуни тобаимрӯзрасида кӯшиш намояд, ки барои муттаҳидӣ,  сулҳу ваҳдат, эҳтироми фарҳанги умумибашарӣ, ягонагӣ саҳмгузор бошад.

Мо бояд кӯшишу заҳматҳои Пешвои муаззами миллатро намунаи содиқонаи инсоният ҳисобида, барои нигоҳдории фарҳангу тамаддун ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию озодандешӣ саҳм варзем, самти илмомӯзиро баланд бардорем ва ҷавонону насли наврасро бо дараҷаи баланди инсондӯстию меҳанпарастӣ ва бовиҷдону бономус тарбия намоем, зеро миллати моро, ки бузургони илму фарҳанг ба ҷаҳониён шинос гардонидаанд, насли имрӯза низ бояд давомдиҳандаи фарҳангу тамаддуни гузаштагон бошанд ва мероси куҳанбунёди ниёгонро эҳтирому ҳифз намоянд.

 

Г. Муллоусмонова, устоди ДПДТТ ба номи

академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд


: 39

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 07.01.2026
ШАРҲИ ПАЁМ: БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҶАВОНОН ВА РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
ШАРҲИ ПАЁМ: БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҶАВОНОН ВА РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
  • 07.01.2026
ШАРҲИ ПАЁМ: ТОҶИКИСТОН РОҲИ РУШДИ УСТУВОР, ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА БЕҲБУДИИ ЗИНДАГИИ МАРДУМРО ИДОМА МЕДИҲАД
ШАРҲИ ПАЁМ: ТОҶИКИСТОН РОҲИ РУШДИ УСТУВОР, ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА БЕҲБУДИИ ЗИНДАГИИ МАРДУМРО ИДОМА МЕДИҲАД

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены