МАСЪУЛИЯТИ ОИЛА ДАР ТАШАККУЛИ ЗИРАКИИ СИЁСИИ НАСЛИ ҶАВОНИ ҶОМЕА
Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат,
шиддат гирифтани рақобатҳои иттилоотӣ ва густариши мафкураҳои бегона ба фазои
зеҳнии ҷомеа, масъалаи зиракиву ҳушёрии сиёсӣ аҳамияти хос пайдо кардааст. Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва Паёмҳои худ
пайваста таъкид менамоянд, ки шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон, бояд
зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Зиракии сиёсӣ - ин огоҳӣ аз вазъи
сиёсати ҷаҳонӣ ва сиёсати пешгирифтаи давлати худ, бедории маънавӣ, донистани
ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, пешгирӣ аз ҷаҳолат ва хурофот, риояи қонун ва
бархурдор будан аз ҳушу заковат дар муносибат ва муошират мебошад. Ин сифатҳо,
новобаста аз синну сол ва мақоми иҷтимоӣ, қарзи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту
баору номуси Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Бо мақсади таъмини амният, оромӣ ва
суботи ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ,
аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»,
«Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи мубориза
бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ва Консепсияи сиёсати ҳуқуқии
ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор доранд. Ин санадҳо таҷассумгари
сиёсати устувори давлат дар самти пешгирӣ ва мубориза бо хатарҳои муосир
мебошанд.
Чуноне ки мегӯянд: «Ғафлат душмани
ҳушёриву зиракии инсон аст». Имрӯз дар баробари мақомоти дахлдор, васоити
ахбори омма, муассисаҳои таълимӣ, театрҳо ва дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ дар самти
тарғиби зиракии сиёсӣ фаъолияти пайваста мебаранд ва саҳми арзандаи худро дар
пешгирӣ аз ғафлат ва раҳгумии ҷавонон мегузоранд.
Таҳқиқу тарғиби худшиносиву
худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии
демократӣ ва дунявӣ, инчунин таҳкими ваҳдату суботи ҷомеа на танҳо вазифаи
сохторҳои давлатӣ, балки рисолати муҳими ҷомеа ва пеш аз ҳама оила мебошад. Оила
ҳамчун нахустин мактаби тарбия, дар ташаккули шахсияти фарзанд нақши калидӣ
мебозад. Тарбияи фарзанд вазифаи муқаддаси падару модар буда, дар баробари ба
воя расонидан ва таълим додан, парвариши фарзанди ватандӯст, худшинос, соҳиби
ахлоқи ҳамида, маърифатпарвар ва бо нангу номус аз ҷумлаи масъулиятҳои асосии
онҳо ба шумор меравад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар
бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», ки ба манфиати
ҷомеа, оила, наврасон ва ҷавонон равона шудааст, ҳуқуқу уҳдадориҳои падару
модар, масъулияти мақомоти давлатӣ, инчунин чораҳои пешгирикунанда ва ҷавобгарӣ
барои иҷро накардани уҳдадориҳо ба таври возеҳ муайян гардидааст. Аз ҷумла, дар
боби 2, моддаи 8-и Қонун уҳдадориҳои падару модар дар
самти пешгирии тамошо, мутолиа ва паҳн намудани маводи дорои хусусияти шаҳвонӣ,
зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористӣ, инчунин маҳдуд намудани иштироки фарзандон
дар фаъолиятҳо ва чорабиниҳои барои онҳо номатлуб зикр шудаанд.
Аз замонҳои қадим оилаҳои тоҷик ба
тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ медоданд, то фарзанд бо рафтору кирдори худ
«доғи падар» нагардад. Аҷдодони мо бо истифода аз панду андарз, зарбулмасалу
мақолҳо, афсонаҳову ривоятҳо дар қалбу зеҳни кӯдакон ҳисси ватандӯстӣ,
худшиносии миллӣ ва ҳушёриву зиракиро ҷойгузин менамуданд. Ҳанӯз дар давраҳои
пеш аз ислом, дар китоби «Авесто» ва дигар осори ниёгон, ба масъулияти оила дар
тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст. Пандҳои халқӣ чун «Фарзанди хуб
— боғи падар, фарзанди бад — доғи падар» ва «Фарзанд азиз, одобаш аз он азизтар»
то имрӯз аҳамияти тарбиявии худро аз даст надодаанд.
Барои фарзанд шахсе аз падару модар
ва бобову бибӣ наздиктар нест. Фарзанд таҳаммулпазирӣ, боандешагӣ, одоби
муошират, иродаи қавӣ, рӯҳи созанда ва дигар фазилатҳои волои инсониро маҳз дар
муҳити оила меомӯзад. Аз ин рӯ, рафтору кирдор, ҷаҳонбинӣ, эътиқод ва ахлоқи
ҳар як узви калонсоли оила ба ташаккули шахсияти фарзанд таъсири мустақим
мерасонад. Калонсолон бояд пеш аз ҳама худ намунаи заковат, худшиносӣ ва
масъулият бошанд.
Волидайнро зарур аст, ки бо фарзандон
робитаи наздик дошта, дар бораи неку бад, сулҳу ҷанг, дӯстиву душманӣ, ҳушёрӣ
ва ғофилӣ суҳбатҳои мунтазам анҷом диҳанд, фикру андешаи фарзандро бишнаванд ва
бо далелу асосҳои ҳуқуқӣ онро дуруст роҳнамоӣ намоянд. Ҳамзамон, бо эҳтироми
мустақилият ва интихоби фарзанд, волидайн бояд аз муҳити иҷтимоӣ, дӯстону
нақшаҳо ва шабакаҳои иҷтимоие, ки ӯ истифода мебарад, огоҳ бошанд ва дар доираи
маслиҳат ва роҳнамоӣ онҳоро танзим намоянд.
Тарбияи фарзанд дар рӯҳияи
худшиносӣ, эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ заминаи асосии
ташаккули шахсияти солим ва зираки сиёсӣ мебошад. Танҳо дар ин сурат фарзандон
метавонанд дар оянда мояи ифтихори Ватан ва сарбаландии падару модар гарданд.
Сарвиноз
Исмоилова